7-уми марти соли 2026, соати 12:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-103 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Рауфзода Сайвалӣ Гурез дар мавзуи «Методикаи баланд бардоштани салоҳияти касбии омӯзгорони ояндаи технология (таълими меҳнат) дар раванди таҷрибаомузии омӯзгорӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3. – Педагогика (5.3.10.11. – Назария ва технологияи таълими меҳнат ва дизайн) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.

