7 марти соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-103 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Назарзода Нигина Раим дар мавзуи “Шароитҳои педагогии омода кардани омӯзгорони ояндаи забони хориҷӣ барои истифодабарии маводҳои видеоӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3 – Педагогика (5.3.10.9 – Назария ва технологияи таълими забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.

