12 марти соли 2026, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-043 назди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов, 3, толори Шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Нуриддинзода Суфӣ Нуриддин дар мавзуи «Асосҳои назариявӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рўйи ихтисоси 5.5.11. Фаъолияти судӣ; фаъолияти прокурорӣ; фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи Академия бо нишонии 734012, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов, 3 шинос шудан мумкин аст.

