18 апрели соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 053 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Мирзоалиев Юнусҷон Юсуфалиевич дар мавзуи «Нақши тандурстии ҷамъиятӣ дар ташкил ва гузаронидани ваксинатсия бар зидди COVID-19 дар давраи пандемия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 3.2.3. Сиҳатии ҷомеа ва ташкили нигаҳдории тандурустӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.

