11-уми апрели соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Мансурӣ Ҷамшед Обидзода дар мавзуи «Ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун унсури калидии низоми сиёсӣ ва нақши онҳо дар рушду нумўъи давлат (таҷрибаи Тоҷикистон)», ки барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯи ихтисоси 23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

