06-уми апрели соли 2026, соати 10.30 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-080 назди Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини АМИТ (ш. Душанбе, кучаи Айни 299/2) ҳимояи диссертатсияи Раҷабов Файзалӣ Файзуллоевич дар мавзуи “Арзёбии муқоисавии самаранокии терапевтии пайвастаҳои мутобиқатии пептидҳои сироятнопазири фаъолу пастмолекулавӣ бо ионҳои нуқра, мис (II) ва руҳ (II)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои химия аз рӯйи ихтисоси 1.4.- Химия (1.4.12. - Химияи биоорганикӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии ш. Душанбе, кучаи Айни 299/2 шинос шудан мумкин аст.

