02 апрели соли 2026, соати 11:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Бофанда, 5/2, маҷлисгоҳи ШД) ҳимояи диссертатсияи Муҳибуллоев Неъматулло Муҳабатуллоевич дар мавзуи «Хусусиятҳои даврияти гидрологии маҷрои дарёи Кофарниҳон дар шароити тағйирёбии иқлим» оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D061000-Гидрология (6D061001-Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734025, ш.Душанбе, к.Бофанда 5/2 шинос шудан мумкин аст.

