20 июни соли 2024, соати 10:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-029 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 17) ҳимояи диссертатсияи Зикирзода Ҳобил дар мавзуи “Озодии инсон дар фалсафаи машшоияи шарқӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа, аз рўи ихтисоси 09.00.03 – Таърихи фалсафа (илмҳои фалсафӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.