11-уми апрели соли 2026, соати 10.00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146, маҷлисгоҳ, 114) ҳимояи такрории диссертатсияи Исматуллозода Соҳибҷон Исматулло дар мавзуи “Рушди инфрасохтори иҷтимоии деҳот ва самаранокии он (дар мисоли ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ)” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050605 – Иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.

