07-уми майи соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-038 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 маҷлисгоҳи шурои диссертатсионӣ) ҳимояи такрории диссертатсияи Гулзода Маҳмалӣ Қодир дар мавзуи «Нишондиҳандаҳои физиологию биохимиявӣ ва ҳосилнокии картошка (SOLANUM TUBEROSUM L.) дар шароити таъсири стрессорӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои биологӣ аз рўйи ихтисоси 1.5.12. Физиология ва биохимияи растаниҳо баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

