02 майи соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи номзадии Баротов Исроил Иброҳимович дар мавзӯи «Ташаккули имиҷи байналмилалии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳони муосири тағйирёбанда» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.4 – масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ, баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

