18 апрели соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Одилов Фурқат Рузиқулович дар мавзуи «Равандҳои ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар фазои пасошуравӣ: мушкилот ва дурнамо» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.4 Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

