24 апрели соли 2026, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-049 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10, толори шуроҳои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи РАҶАБЗОДА Мирзошариф Шариф дар мавзуи “Оптимизатсияи реҷаҳои кории силсилаи НБО-и Вахш баъди ба истифода додани НБО Роғун” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисоси 6D071800 – Энергетикаи электрикӣ (6D071804 - Системаҳо ва комплексҳои энергетикӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042 ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10 шинос шудан мумкин аст.

