18-уми апрели соли 2026, соати 13.00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146, маҷлисгоҳ, 114) ҳимояи диссертатсияи Шарифзода Суҳроб Каримхон дар мавзуи “Таъминоти иттилоотиву таҳлилии самаранокии истифодаи заминҳои кишоварзӣ (дар мисоли вилояти Хатлон)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.6. Иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.

