22-юми апрели соли 2026, соати 15:30 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-011 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Хисорак, бинои таълимии № 17, синфхонаи 203) ҳимояи диссертатсияи Сиддиқзода Шаҳриёр Мулозулфон дар мавзуи «Татбиқи ҳисоби оператсионӣ дар ҳалли баъзе синфҳои муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегро-дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D060100 – Математика (6D060103-Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

