05 майи соли 2026, соати 14:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-112 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Хусенова Манижа Сироҷиддиновна дар мавзуи: «Ҳолати функсияи нафаскашии беруна ва баъзе параметрҳои гомеостаз дар кӯдакони гирифтори камхунии норасоии оҳан ва камхуниҳои гемолитикии ирсӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 3.1.8. Педиатрия баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.

