26 июни соли 2024, соати 13:30 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-037 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Зоиров Ҳалимҷон Зоҳидҷонович дар мавзуи «Айнулқузоти Ҳамадонӣ ва ҷойгоҳи «Номаҳо»-и ӯ дар насри форсу тоҷики асри XII (таҳқиқи вижагиҳои адабиву услубӣ, матншиносӣ ва нусхашиносӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.08 – Назарияи адабиёт. Матншиносӣ, нусхашиносӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.