14 майи соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Шодизода Саодат Исломхон дар мавзуи “Ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодї ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ (1991-2021) (дар мисоли минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 6.1. Таърих ва бостоншиносӣ (6.1.1. Таърихи ватанӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар Китобхонаи марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

