18 июни соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Бофанда, 5/2, маҷлисгоҳи ШД) ҳимояи такрории диссертатсияи Рахманов Азим Абдуллаевич дар мавзуи «Рушди назарияи муттаҳидшавии хокҳои сусти гилии сероб дар асосҳои иншоотҳои гидротехникӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.1. Геология, геодезия, гидрология, сохтмон, меъморӣ (2.1.8. Сохтмони гидротехникӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734025, ш. Душанбе, кӯчаи Бофанда 5/2 шинос шудан мумкин аст.

