23 майи соли 2026, соати 9:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-019 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 1, толори ҷаласаи диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Ҳусейнзода Сино Ҳотамӣ дар мавзуи «Субъекти ҷиноят: масоили назария, қонунгузорӣ ва амалия» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 5.5.8. Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

