4 июни соли 2026, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Бофанда, 5/2, маҷлисгоҳи ШД) ҳимояи диссертатсияи Тоирзода Суҳроб Тоир дар мавзуи «Арзёбии хосиятҳои физикию механикии массивҳои атрофи нақбҳои гидротехникии истифодашавандаи баландфишор» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D.074400-Сохтмони гидротехникӣ ва иншоот (6D074401-Сохтмони гидротехникӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734025, ш.Душанбе, к.Бофанда 5/2 шинос шудан мумкин аст.

