02 июни соли 2026, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-101 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121) ҳимояи диссертатсияи Собирзода Фароғат Собир дар мавзуи «Асосҳои методии ташкил ва гузаронидани корҳои беруназсинфии математикӣ дар синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3 – Педагогика (5.3.4.1 – Назария ва методикаи таълими математика (таҳсилоти умумӣ)) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он дар сомонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 шинос шудан мумкин аст.

