03 июни соли 2026, соати 13:30 дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи диссертатсияи Ализода Абдулқодир Маҳмадраҳим дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ: мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ – иқтисодӣ ва фарҳангӣ (охири асри ХХ ─ ибтидои асри ХХI)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 6.1.6. Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати беруна баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он дар сомонаи расмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, ш. Душанбе хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

