4- уми июли соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Сатторов Қобилҷон Абдулҳакимович дар мавзуи «Назорат ва идоракунии тайёрии касбии донишҷӯёни самти математика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шароити муосир» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.10. Назария ва технологияи таҳсилоти касбӣ (фанҳои табиӣ-риёзӣ) (5.3.10.1. Назария ва технологияи таълими математика) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

