9 июли соли 2026 соати 10-00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-090 назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ш. Хуҷанд, маҳаллаи 17-ум, бинои 1, корпуси 5, толори шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Мухторзода Мадина Мухторӣ дар мавзуи «Масоили таҳкими асосҳои дунявӣ дар Тоҷикистон: таҳқиқоти назариявӣ-ҳуқуқӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 5.5.1. Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва китобхонаи илмии Донишгоҳ бо нишонии 735700, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 17-ум, бинои 1 шинос шудан мумкин аст.

