06 июли соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 031 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 139) ҳимояи диссертатсияи Мавлоназарова Сулҳия Ноёбшоевна дар мавзуи «Омӯзиши фармакогностикии се намуди камол (Ferula), ки дар Тоҷикистон мерӯянд» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фарматсевтӣ аз рӯйи ихтисосҳои 3.4.2. Химияи фарматсевтӣ, фармакогнозия, 3.3.19. Микробиология баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кўчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.

