08 июли соли 2026 соати 10:00 дар шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-057 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ (Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои таълимии №17, факултети геология, утоқи 102) ҳимояи диссертатсияи Сайфуллозода Қумринисо Ғайбулло дар мавзуи «Динамика ва хусусиятҳои пиряхҳои ҳаракаткунандаи Помир ва нақши онҳо дар ташаккули кӯлҳои рахнашавандаи хатарнок дар шароити тағйирёбии иқлим (дар мисоли водии Ванҷ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои геологию минералогӣ аз рӯйи ихтисоси 1.6.32. Геоэкология баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

