03 июни соли 2024, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-041, назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи диссертатсияи Раҷабов Абдуҷаббор Рузимадович дар мавзӯи «Таъсири дуда ба тағйирёбии коэффитсиенти кашиши сатҳӣ ва зичии системаи бензол ва равғани мусҳил (кастор)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 01.04.14 - Физикаи ҳарорат ва назарияи техникаи гармо баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042 ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10а шинос шудан мумкин аст.