4 июли соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-050 назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Н. Қаробоев 63/3, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Файзова Наргис Рамазоновна дар мавзуи «Мукаммалгардонии технологияи истеҳсол ва коркарди абрешим» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D073302 - Технология ва коркарди аввалияи маводи нассоҷӣ ва ашёи хом, баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734061, ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қаробоев, 63/3 шинос шудан мумкин аст.

