07 августи соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-039 назди Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кучаи А. Қаҳҳоров 43,) ҳимояи диссертатсияи Тоиров Абдураҳим Сангович дар мавзуи «Мониторинги авзои муосири эпизоотикӣ ва хавфи эпизоотологии мадфанҳои ҳайвоноти аз бемории сӯхтанӣ фавтида дар ҳудуди вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 4.3.2. Микробиологияи ветеринарӣ (вирусшиносӣ, эпизоотология, занбурӯғшиносӣ бо заҳрзанбурӯғшиносӣ, масуниятшиносӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИТВ АИКТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734005, ш. Душанбе, кучаи А.Каҳҳоров 43 шинос шудан мумкин аст.

