2-юми сентябри соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-099 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Аҳмадзода Комрон Наҷбуддин дар мавзуи «Расул Ходизода – муҳаққиқи таърихи адабиёти тоҷик» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 6.2. Филология (6.2.15. Адабиёти тоҷик, равобити адабӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, шинос шудан мумкин аст.

