08-уми июни соли 2024, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-003-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, к. Буни Хисорак, бинои таълимии № 7, синфхонаи 102) ҳимояи диссертатсияи Абдулмуминзода Насимҷон Абдулмумин дар мавзуи «Рушди баҳисобгирии идоракунӣ ва ташаккулёбии арзиши аслии маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.08. – Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.