16-уми сентябри соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-099-и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Наҷотзода Ҷамшед Нарзулло дар мавзуи «Арзишҳои адабии тарҷумаи форсии «Рисолаи қушайрия»-и Абулқосими Қушайрӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021400 – Адабиётшиносӣ (6D021401 – Назарияи адабиёт ва сабкшиносӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, шинос шудан мумкин аст.

