17 сентябри соли 2026, соати 1300 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-093, дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Қозизода Шӯҳратҷон дар мавзуи «Таърихи инкишофи ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳияи Масчоҳ (1955-2021)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020300 – Таърих, 6D020301 – Таърихи ватанӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

