14-уми октябри соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-123-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, толори шуроҳои диссертатсионӣ) ҳимояи такрории диссертатсияи Қаландарзода Сарабек Давлатёр дар мавзуи «Нақши ВАО дар инъикоси равобити мутақобилаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мамолики арабзабони Халиҷи Форс (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 6.2.23. Рӯзноманигории байналмилалӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

