27 октябри соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-113 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи Зикруллоҳзода Фарҳод Зикруллоҳ дар мавзуи “Нақши бозиҳои дидактикӣ дар таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ”, ки барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.5.9. Назария ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

