24 сентябри соли 2026, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-043 назди кадемияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов, 3, толори Шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Файзуллозода Айнулло Қудратулло “Таҳқиқоти криминалистии хусусиятҳои тактикаи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 5.5.12. Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи Академия бо нишонии 734012, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов, 3 шинос шудан мумкин аст.

