17 сентябри соли 2026, соати 14:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 112 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи такрории диссертатсияи Зоирова Нурия Подабоновна дар мавзуи: «Самаранокии 1-хлорметилсилатран дар муолиҷаи маҷмуии алопетсияи лонавӣ (таҳқиқоти таҷрибавӣ ва клиникӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 3.1.10. Дерматовенерология баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.

