16-уми сентябри соли 2026, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-011-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Хисорак, бинои таълимии № 17, синфхонаи 203) ҳимояи диссертатсияи Раҳматуллоҳзода Файзуллоҳ Раҳматулло дар мавзуи «Таҳқиқи масъалаҳои идоракунии сарҳадии таркибӣ барои равандҳое, ки бо муодилаи телеграфӣ бо коэффитсиенти тағйирёбанда тавсиф меёбанд» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D060100 – Математика (6D060103-Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

