19- уми сентябри соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Каримов Раҳматулло Рамазонович дар мавзуи « Дипломатияи об ва ҷойгоҳи он дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ, аз рӯи ихтисоси 5.6.4. Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ: инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФС ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

