24 сентябри соли 2026, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14) ҳимояи диссертатсияи Маҳмудов Сафаралӣ Мирзоевич дар мавзуи “Мукаммалгардонии механизми пешниҳоди қарзи бонкӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна (дар мисоли КВД БА ҶТ «Амонатбонк»)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.17 - Молия, муомилоти пулӣ ва қарз баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДМИТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 шинос шудан мумкин аст.

