29 сентябри соли 2026, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 128 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Саидова Саёра Низомудиновна дар мавзуи: «Оптимизатсияи чорабиниҳои профилактикӣ тавассути назорат кардани шахсони бо беморони сил тамосдошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 3.2.3. Сиҳатии ҷомеа ва ташкили нигаҳдории тандурустӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.

