30 сентябри соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-107 назди Академияи идоракуни давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, Саид Носир 33, синфхонаи №1104) ҳимояи диссертатсияи Раҷабзода Шералӣ Шодимурод дар мавзуи «Такмили андозбандии кишоварзии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) ‒ доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050600 – Иқтисодиёт (6D050602– Макроиқтисод) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи АИДНПҶТ ва дар китобхонаи илмии Академия бо нишонии 734003, ш. Душанбе, Саид Носир 33, шинос шудан мумкин аст.

