1 октябри соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Шамсияи Тоирхон дар мавзуи "Саҳми муҳаққиқони рус дар омӯзиши этнография ва атропологияи Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ (солҳои 1920 - 2000)" барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисоси 6D020300-Таърих (6D020303 - Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар Китобхонаи марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

