19 сентябри соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи такрории диссертатсияи Усмонзода Зариф Ҷумъабой дар мавзуи «Ҳамкории коллеҷ ва муассисаҳои фарҳанг – шарти мукаммалгардонии ташаккули фарҳанги зебоипарастии донишҷӯён» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 5.3.9 – Назария ва методикаи ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ (педагогикаи иҷтимоӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар суроғаи 734024, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.

