3 октябри соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-013-и назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ш. Хуҷанд, маҳаллаи 17, бинои 5, толори Шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Саидӣ Дилфуза Ӯктамзода дар мавзуи «Такомули механизми ташкилӣ-иқтисодии рушди инфрасохтори иҷтимоӣ дар вилояти Суғд» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.4. Иқтисодиёти ҳудудӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он дар сомонаи ДДҲБСТ ва китобхонаи илмии Донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, маҳаллаи 17, ДДҲБСТ, бинои китобхона шинос шудан мумкин аст.

