26-уми сентябри соли 2026, соати 10.00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-095 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146, маҷлисгоҳ, 114) ҳимояи такрории диссертатсияи Саидзода Рамазон Абдураҳим дар мавзуи «Маҳсулнокии навъҳои ояндадори лӯбиё вобаста аз усулҳои парвариш дар шароити ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси 4.1.2. Зироаткории умумӣ, растанипарварӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.

