Санаи 24-уми октябри соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-098-и назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Гагарин, 147) ҳимояи диссертатсияи Каримҷони Музаффар дар мавзуи “Ҷанбаҳои геоэкологии зарфияти табиию рекреатсионии Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ва дурнамои рушди сайёҳии илмию маърифатӣ дар минтақа” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои география аз руйи ихтисоси 1.6.7. - Геоэкология баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи И.Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.

