29 октябри соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Раҷабзода Дилшод Амиралӣ дар мавзуи «Хусусиятҳои педагогии мутобиқшавии донишҷӯён ба муҳити таълимӣ-тарбиявӣ ҳамчун асоси иҷтимоишавии шахсият дар шароити муосир» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 5.3.9. Назария ва методикаи ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ (педагогикаи иҷтимоӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар суроғаи 734024, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.

