29 октябри соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Давлатзода Фарзона Иброҳим дар мавзуи «Шароитҳои педагогии рушди сифатҳои иҷтимоии кӯдакони синни калони томактабӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ ва оила» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 5.3.2. Назария ва методики таълиму тарбияи томактабӣ (педагогикаи томактабӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар суроғаи 734024, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.

